13-уми феврали соли ҷорӣ ҷаноби Райнер Мюллер-Ханке, ки қаблан узви Шӯрои нозирони ҶСК «Бонки Эсхата» буд, раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» таъйин шуд. Мавсуф дар ин вазифа Назаров Акбар Абдушукуровичро, ки аз оғози соли 2018 бонкро роҳбарӣ мекард, иваз кардааст.
Қарор аз ҷониби Шӯрои Нозирони Бонк бо мақсади таҳия ва татбиқи стратегияи тиҷоратии Бонки Эсхата бо назардошти ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафта ва таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва бо мақсади мутобиқ шудан ба мақоми бонки дар шоҳроҳи кишвар, қабул карда шуд.
«Интихоби вазифаи роҳбари Бонки Эсхата ба ҷаноби Райнер Мюллер-Ҳанке бо назардошти таҷрибаи калони ӯ дар вазифаҳои бонкҳои тиҷоратии хориҷӣ ва дар маҷмӯъ дар соҳаи бонкдории байналмилалӣ мутобиқ мебошад. “Мо боварии комил дорем, ки таҷрибаи ғании ӯ ва андешаи касбии ӯ ҳамчун роҳбар дар рушди минбаъдаи ба Бонки Эсхата ҳамчун Бонки инноватсионӣ ва аз ҷиҳати технологӣ пешрафта, ба он сатҳе, ки мизоҷони мо талаб мекунанд, мусоидат хоҳад кард. Дар навбати худ, мо ба Акбар Абдушукурович барои меҳнатдӯстӣ ва касбияти баланд дар ду соли охир изҳори сипос менамоем. Дар ин давра, ҶСК «Бонки Эсхата» на танҳо мавқеи худро ҳамчун яке аз бонкҳои пешбари Тоҷикистон нигоҳ дошт, балки аз ҷониби танзимкунанда ҳамчун яке аз бонкҳои системавии муҳим эътироф карда шуд», — гуфт Фируза Исҳоқова, Раиси Шӯрои Нозирони ҶСК «Бонки Эсхата».
Райнер Мюллер-Ханке соли 1960 дар Олмон таваллуд шудааст. Номбурда таҷрибаи бонкии зиёда аз бист соларо дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, ва инчунин Федератсияи Русия дорад. Ӯ дараҷаи магистр оид ба иқтисодиёти Донишгоҳи Озоди Берлинро доро буда,, дар донишгоҳҳои Ҳайделберг ва Мадрид нозукиҳои иқтисодиётро омӯхтааст.
Ҷаноби Мюллер-Ҳанке бо таҷрибаи бой ба сифати менеҷери (директори генералии) (CEO) “KMBBank” — бонки гурӯҳи итолиёвии “Intesa Sanpaolo” дар Русия, “Swedbank” — бонки гурӯҳи Шветсия дар Украина ва инчунин, узви Шӯрои нозирони “FinComBank” Молдова ва ҶСП “АксесБонк” дар Озарбойҷон кор кардааст.
Дар гузашта, ӯ инчунин узви Кумитаи Идораи Палатаи савдои Олмону Русия дар Маскав, мушовири калони бонкии Ширкати байналмилалии машваратӣ, ҳам раиси барномаи Бунёди тиҷорати хурди Росиягии БАТР ва мушовири пешбари ҳамоҳангсоз дар бонкҳои шарики Русия таҷрибаи корияшро сайқал додааст.