Бонки Эсхата бо пахши як нома аз иди касбии пизишкон ёдовар шуда, ҳамаи кормандони соҳаи тибро ба ин рӯз табрик гуфт. Дар нома гуфта мешавад, ки «дар ин рӯз, албатта, мо — намояндагони “Бонки Эсхата” — мехоҳем номи ҳамаи табибонро зикр кунем, ки вазифаи касбии худро содиқона иҷро мекунанд. Нафаронеро метавон ном бурд, ки дар давраи мушкил барои тамоми ҷаҳон дар сафи авваланд, миллионҳо одамро наҷот медиҳанд ва ҳам нафаронеро, ки дар мубориза бо коронавирус ҷони худро дареғ надошта, мубориза мебаранд.
Бо назардошти он, ки рӯйхати қаҳрамонони соҳаи тиб беохир хоҳад буд, мо ба ҳар кадоми шумо табибон аҳсан мегӯем. Ҳамаи шуморо бо иди касбии худ самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ мехоҳем.
Имрӯз тамоми ҷаҳонро вируси карона фаро гирифтааст ва ба кӯмаки шумо ҳамаи беморон ниёз доранд. Дар айни замон, новобаста аз ихтисоси касбии худ инчунин саломатии ҳар як шаҳрвандро муҳофизат карда, ҳаёти ҳар яки онҳоро аз ин бемории сироятӣ наҷот дода, кӯмаки равонӣ низ мерасонед.
Бигзор саъю кӯшишҳои шумо ба некӣ анҷомаду саломатии шумо бегазанд бод!
Кормандони ҶСК “Бонки Эсхата” иди табибонро нодида гирифта наметавонад. Мутаассифона, кормандони бонк низ ба бемориҳо дучор шуда буданд. Танҳо ба шарофати кордонӣ ва дастгирии табибон кормандони бонк пас аз беморӣ саломатии худро барқарор намуда, ба кор баргаштанд.
Мо ҷиддӣ будани вазъ ва оқибатҳои эҳтимолии онҳоро пурра дарк мекунем, аз ин рӯ, мекӯшем тамоми чораҳои бехатариро, ки бар зидди паҳншавии бемории сироятии коронавирус андешида шудаанд, иҷро кунем.
Мо кӯшишҳои худро ба рушди хизматрасониҳои фосилавӣ равона карда истодаем ва боз ҳам зуд-зуд ба аҳолӣ имкониятҳои нави мобилиро пешниҳод менамоем, то ин ки шаҳрвандон худро дар ҷойҳои серодам амн эҳсос намуда, ҳамаи пардохтҳоро аз хона набаромада, тариқи барномаҳои мобилии бонк иҷро намоянд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тамоми амалҳои кормандони бонк дар мубориза бар зидди бемории сирояти коронавирус ин кӯмак ба кормандони соҳаи тиб буда, ҳадафи асоси кормандони бонк бо ин васила коҳиш додани ин беморӣ мебошад.
Мо пеши каҳрамонии шумо сари таъзим фуруд меорем!
Идатон муборак!»