Бонки Эсхата бахшида ба 25-солагии худ иқдоми «Амали орзуҳо”-ро барои муштариён оғоз кард, ки ҳар касе аз бонк қарз гирифтааст,  иштирокчии иқдоми мазкур мегардад ва тӯҳфаҳои арзандаро ба даст оварда, ғолиби асосӣ соҳиби 150 ҳазор сомонӣ мешавад.

Иқдом аз 5 давр иборат буда, дар охири ҳар давр 9 нафар ғолибон муайян карда мешаванд. Натиҷаҳои ду марҳилаи иқдом аллакай ҷамъбаст карда шуданд, ки дар онҳо 9 иштирокчӣ соҳиби кортҳои пардохтӣ бо тарҳи инфиродӣ ва мукофоти пулӣ дар ҳисоби кортҳо ба маблағи 1000 сомонӣ гардиданд. Ғолибони марҳилаи дуюм соҳиби смартфони нави Samsung A 50 шуданд.

Марҳилаи сеюми иқдоми мазкур анҷом ёфт, ки дар он 9 нафар шаҳрванд соҳиби яхдонҳои нави гаронбаҳои ширкати Samsung гардиданд.

Ғолибони марҳилаи сеюм Назаров Сафархон, Ҳасанов Азам, Раззоқова Моҳигул, Тошмуродова Қимматой, Қаюмова Махфират, Ҳайдарова Сарварой, Мирзоева Фирӯзахон, Шамсов Сафаралӣ, Ғиёсиддинов Ҳусенҷон мебошанд.

Моҳигул Раззоқова –сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд: “Ман хеле дар ҳайрат мондам аз шунидани хабари хуш. Масъулони бонк бо ман дар тамос шуда, маро даъват намуданд. Аз ғолиб баромаданам хеле шодам, зеро дар зодрӯзи писарам яхдон бурд кардам ва инро ҳамчун як тӯҳфа дар зодрӯзи писарам қабул мекунам. Ман миннатдори худро ба масъулони Бонки Эсхата мерасонам. Ба ҳамаи иштирокчиёни иқдоми мазкур барори кор ва комёбӣ таманно дорам».

Моҳи октябр натиҷаҳои даври чоруми иқдоми “Амали Орзуҳо” эълон хоҳад шуд. Тӯҳфаҳои арзишноки даври чорум – мошинҳои ҷомашӯии муосир соҳибони худро интизоранд!

Иқдоми“Амали Орзуҳо” барои муштариёнест, ки дар доираи иқдом қарз гирифтаанду бисёр фаъол мебошанд ва таърихи қарзии мусбат доранд.

Имкони бурд кардани тӯҳфаҳои арзанда ва мукофоти асосӣ — 150 000 сомониро аз даст надиҳед!

Аз бонк қарз гиред ва иштирокчии иқдом шавед!

«Амали Орзуҳо» — дар соли ҷашнии мо орзуҳои шумо бояд амалӣ шаванд!

Бонки Эсхата — 25 сол бо шумо!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here