«Бо ҷоизаи «Фаъолтарин бонк-эмитент дар Тоҷикистон барои соли 2019» муборакбод мегӯям. Мутаассифона, аз сабаби COVID-19 мо натавонистем ҷоизаро шахсан ба шумо супорем, аммо муборакбодии фосилавии моро қабул фармоед», — иброз доштааст бонкдори хурди барномаи Маблағгузории тиҷоратӣ, Гуруҳи институтҳои молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Иқбол Ҳакимов дар мактуби худ ба бонки “Эсхата”.
Бонки Эсхата бори дигар чунин ҷоизаро сазовор гашт, ки аз ҷониби БАТР дар доираи барномаи мусоидат ба тиҷорат ташкил гардидааст. Ғолибон байни 120 бонкҳои эмитент аз 30 кишвари олам муайян шуданд. Ин барои Бонки Эсхата дастоварди калон буда, баҳри пешравии он як такони навбатии ҷиддӣ аст. То ба имрӯз дар Тоҷикистон ягона Бонки Эсхата ҷоизаи «Фаъолтарин бонк-эмитент»-ро шашкарата соҳиб шудааст.
Ҷоизаи мазкур соле як маротиба бо назардошти миқдор ва сифати хизматрасониҳо дар самти маблағгузории тиҷоратӣ ба бонкҳо супорида мешавад. Лоиҳаи мазкур барои рушди маблағгузории тиҷорат дар Тоҷикистон, пешравии фаъолияти соҳибкорони ватанӣ тавассути пешниҳоди аккредитивҳо, кафолатҳои бонкӣ ва қарзҳои тиҷоратӣ мусоидат менамояд.
Бонки Эсхата минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то унвони фаъолтаринро сазовор гашта, дар натиҷаи фаъолияти соли 2020 низ гӯшаи дастовардҳои худро ғанӣ намояд.
Бонки Эсхата аз соли 2004 дар доираи «Барномаи маблағгузории тиҷоратӣ»-и БАТР мизоҷони худро дар муомилоти байналмилалии тиҷоратӣ бо шартҳои имтиёзнок дастгирӣ менамояд: содирот ва воридоти молҳо, мусоидат дар таҳвили таҷҳизот аз кишварҳои ИДМ, Аврупо ва Осиё, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратию техникӣ ва дигарҳо. Сарфи назар аз пандемия, шарикони Бонки Эсхата дар самти маблағгузории тиҷоратӣ муваффақанд ва омодаанд, ки пешниҳоди мизоҷонро бо шартҳои ҳамкории дарозмуҳлат дида бароянд.