Дар пайи дархостҳои зиёди мизоҷон, Бонки Эсхата ба барориши корти бонкии пардохтии «Корти миллӣ» шурӯъ кард.

Акнун шумо имконияти хубе доред, ки пардохтҳои ғайринақдии  молҳо ва хизматрасониҳоро тавассути ҳама гуна POS-терминалҳо амалӣ намоед.

Инчунин, шумо имконият доред аз ҳамаи банкоматҳо, воқеъ дар тамоми гӯшаҳои кишварамон, шабонарӯз нақд гиред!

Мисли дигар кортҳои Бонки Эсхата, дорандаи «Корти миллӣ» низ ҳар моҳ аз ҳисоби бақияи корт 3% солона мегирад.

Бо қабули интиқоли ғайринақдӣ ба Корти миллӣ, шумо  дар доираи аксияи “Ҳамқадами замон”, дар бурди ҷоизаҳои пулӣ ва автомобили Hyundai Accent, ки аз Hyundai Auto Tоҷикистон харидорӣ карда шудааст, ширкат меварзед.

Барои соҳиб шудан ба корт, лутфан ба наздиктарин филиал ё маркази хизматрасонии Бонки Эсхата муроҷиат намоед.

«Корти миллӣ» — дастрасии васеи пардохтҳои ғайринақдӣ ва гирифтани пули нақд!

Барои маълумоти иловагӣ ба рақами 808 занг занед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here