“Бонки Эсхата” маблағҳои қарзии “Боварӣ”-ро то 25 ҳазор сомонӣ ба мизоҷони худ пешниҳод менамояд. Масъулин мегӯянд, ба қарзгирандагон зарур аст, ки танҳо бо шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунанд ва дигар ягон намуди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани қарз лозим нест.

Ҳамоҳангсози қарзҳои Департаменти тиҷорати чаканаи “Бонки Эсхата” Акмал Насридинов мегӯяд, ки “бори аввал ин навъи хизматрасонӣ соли 2013 ба мизоҷон пешниҳод карда шуда буд ва то инҷониб дар байни як сегмент хеле маъмул гаштааст.

-Мақсади хизматрасонии қарзӣ пеш аз ҳама дастгирии молиявӣ ба мизоҷон барои интиқоли маблағ буда, он танҳо тариқи боварии байниҳамдигарӣ сурат хоҳад гирифт. Ҳангоми додани қарз бонк аз мизоҷ гарав ва ё дигар ҳуҷҷатҳои ба он алоқамандро талаб намекунад. Пас аз гирифтани қарз муштарӣ метавонад, онро барои қонеъ кардани ниёзҳои истеъмолии худ истифода барад,- мегӯяд А. Насридинов.

Ёдовар мешавем, ки меъёри фоизи қарз аз 2,25% дар як моҳ буда,  мӯҳлати қарз то 18 моҳро дар бар мегирад. Ҳамкории дарозмуддат эътимодро ба вуҷуд меорад ва қарзи “Боварӣ” ин қарзи эътимод аст!

Мехоҳед, ки дар ин бора маълумоти бештар пайдо кунед? Ба рақами кӯтоҳи 808 занг занед ё ба яке аз филиалҳои “Бонки Эсхата” муроҷиат кунед.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here