Сайдулло  Ҷабборов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров яке аз аввалинҳо шуда, тариқи занги телефонӣ дар бораи бурдаш аз Бонки Эсхата хабардор шуд. Ӯ аз хушхабари ногаҳонӣ ҳам дар ҳайрат ва ҳам хурсанд буд. Ба саволи аввалин, ки бо ин пул чӣ хоҳад кард, Сайдулло Ҷабборов ҷавоб дод, ки барои омӯзиши духтараш сарф мекунад.

Пулҳои бурдкардаи  худро мизоҷи Бонк аз филиали Бонки Эсхата дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар фазои тантанавӣ аз дасти директори филиал Шерзод Мирзоев қабул кард. Ин гуна маросимҳои тантанавӣ дар дигар филиалҳои низ баргузор гардиданд.

Дар рафти бурди ҷамъбастии иқдоми “Рушди ҳамкорӣ-2017” шаш нафар сокини кишвар дар натиҷаи интихоби тасодуфии лототрон ҳар яке 50 000 сомонӣ туҳфа бурд карданд. Ин толеъбаландон Нозгул Мусоева аз ноҳияи Рудакӣ, Гулҷаҳон Шукурова аз шаҳри Турсунзода,  Сайдулло  Ҷабборов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Раҳим Эшмуродов аз шаҳри Панҷакент, Юсуф Сафаров аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,  Авлиёқул Назриматов аз ноҳияи Восеъ буданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here