Дар ҷамъомади тантанавӣ дар Сингапур «Бонки Рушди Осиё» ғолибони мукофоти сеюми солонаро дар маблағгузории тиҷорат (TFP) қадрдонӣ кард, ки дар байни ғолибон «Бонки Эсхата» низ ҳаст.
«Бонки Эсхата» мукофотро дар номинатсияи «Бонк — шарики пешсаф дар Тоҷикистон» дар доираи «Барномаи маблағгузории тиҷоратӣ» сарфароз гаштааст.
Дар чорабинӣ зиеда аз 150 нафар меҳмонону шарикон аз муассисаҳои молиявии тамоми дунё ширкат варзида, 18 бонки пешсаф аз 17 давлат бо мукофоти TFP кадрдонӣ карда шудаанд.
«Бонки Эсхата» соли дуюм аст, ки дар номинатсия «Бонк — шарики пешсаф дар Тоҷикистон» дар доираи «Барномаи маблағгузории тиҷоратӣ» (TFP) ғолиб меояд, ки ба андешаи бонкдорон ин дастоварди байналмилалӣ хеле муҳим аст.
Қадр кардани шарикони TFP дар рӯзи аввали Конфронси солонаи «Global Trade Review дар Сингапур — GTR Asia Trade and Treasury Week 2017» баргузор гардид, ки яке аз Конфронсҳои бузурги мабалғгузории тиҷортӣ дар Осиё маҳсуб меёбад.
Айни ҳол «Бонки Рушди Осиё» дар доираи «Барномаи маблағгузории тиҷоратӣ» бо зиёда аз 200 шарикбонкҳо ҳамкорӣ мекунад, ки тариқи он ширкатҳои тиҷоратӣ барои амалӣ кардани содирот ва воридоти мол дастгирии молиявӣ мебинанд.