Сафаршо Қудратов ва Музаффар Маликмансур аз ноҳияи Мастчоҳ ва инчунин Маҳмадҷобир Амонов ва Салимҷон Турабоев аз ноҳияи Спитамен аз зумраи мизоҷони Бонки Эсхата қархгирифта мебошанд, ки 20% аз маблағи карзи пешниҳодшуда ба таври грант ба онҳо бозпардохт карда шудааст.

Маросими грантсупорӣ дар ноҳияҳоии Мастчоҳ ва Спитамен баргузор гардид, ки дар чорчӯбаи рӯзҳои дарҳои кушоди лоиҳаи ЕСТАР – «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон» ташкил карда шуд. Пешниҳоди маблағи грантӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ шудааст.

Чорабинии мазкур инчунин дар ноҳия Ашти вилояти Суғд барпо гардид, ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, намояндагони хоҷагиҳои деҳконӣ, муассисаҳои давлативу хусусӣ, таҳвилгарони таҷҳизотҳо ва техникаи хоҷагии қишлоқ, инчунин аъзоени гуруҳи кории лоиҳаи ЕСТАР ва Бонки Эсхата ширкат варзиданд.

Ба коркунони соҳаи аграрӣ таҷҳизот ва техникаи хоҷагии қишлоқ, нуриҳои минералии ширкатҳои «Сароб», «Нексигол мушовир», «Агролист» муаррифӣ карда шуд. Сардори хоҷагии деҳқонии «Асрорӣ» — Абдуманон Асроров дар назди ҳозирин баромад карда, оиди маҳсулоти нави нуриҳои минералии иловагӣ бо номи «Фарас» сухан кард.

Дар навбати худ намояндаи лоиҳаи ЕСТАР Усмонкул Баротов, Парвин Ҷабборов ва Шоаҳмад Мирзоахмедов иштирокчиени чорабиниро бо ҳадаф ва имкониятҳои лоиҳаи мазкур пурра шинос намуд. Аз номи Бонки Эсхата ҳамоҳангсоз оид ба қарзҳои аграрӣ Алиҷон Сулейманов баромад кард.

Ӯ аз имкониятҳо ва фоидаи хизматрасонии қарзии ЕСТАР гуфта гузашт. Аҳамияти махсус ба фахмонидани шарту шароитҳои карзи мазкур дода шуд.

Бахтиер Усмонов – муовини Раесати кишоварзии ноҳияи Ашт аз номи ҳамаи намояндагони соҳаи кишоварзӣ миннатдории хешро баен намуда, қайд кард, ки лоиҳаи мазкур барои рушди соҳаи кишоварзии мамлакат саривакт ва хеле мухим буда имконияти хуби молиявию-техникӣ барои хоҷагиҳои деҳконӣ маҳсуб меёбад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here