Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши худ зикр намудааст, ки сатҳи ғизои занони тоҷик нигаронкунанда буда, нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ, махсусан аз сабаби фавти баланди кӯдакон, заъфи афзоиш ва гипертония дар байни занони калонсол ба назар мерасад.
Тибқи маълумоти коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, сабаби асосии ҳамаи ин нишондиҳандаҳо асосан сатҳи пасти ғизои занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 то ин ҷониб аст, ки боиси афзудани бемориҳои музмин, бемории саратон ва бемориҳои дил гардидааст.