Тирандози навраси тоҷик Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои III тобистонаи олимпии наврасон, ки  дар шаҳри Буэнос-Айреси Аргентина идома дорад, медали нуқра ба даст овард. Бежан Файзуллоев ин медалро 12 октябр дар тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр, дар ҳайати дастаи омехта, ҳамроҳ бо варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер ба даст овард.

Ду рӯз пеш аз ин, медали нахустинро бо ишѓоли ҷойи сеюм Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқаи ҷудо дар рақобатҳои дастаӣ дар ҳайати тими омехта бо номи “Рио-де-Жанейро” ҳамроҳ бо якнафарӣ варзишгарон аз Косово, Туркманистон, Алҷазоир, Словения, Қирғизистон, Русия ва Бурунди ба даст оварда буд.

Ин комёбии тирандози навраси тоҷикро метавон таърихӣ унвон кард, зеро дар ин намуди варзиш дастоварди назаррасро намояндагони кишвари мо то ҳанӯз ба даст наоварда буданд.

Чунин дастоварди бузургро ба Бежан Файзуллоев табрик мегӯем!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here