Ширкати Tcell шабакаашро дар ВМКБ тавсеа ва рушд медиҳад. То имрӯз дар шаҳри Хоруғ 4 пойгоҳи базавӣ бо стандарти 4G насбу барқарор гардида, қариб тамоми ҳудуди шаҳрро бо интернети балансуръат таъмин менамоянд. 

Шаҳри Хоруғ- маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.Ба шароити сахт ва дурдастӣ аз пойтахти кишвар нигоҳ накарда, Хоруғ сатҳи баланди омӯзишу парваришро дар худ дорад- дар ин ҷо се муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият карда, ҳамасола садҳо мутахассиси ҳирфаиро омода месозанд. Ҳамзамон, марказҳои бузурги тиҷоратӣ, корхонаҳои саноатӣ, идораву тарабхона ва меҳмонхонаҳо дар Хоруғ зиёданд.

Бо дарки зарурияти таъмини иртиботи боэътимоду устувор ва муосир барои шаҳр, Tcell нахустин ширкате буд, ки дар соли 2018 сокинони Хоруғро бо алоқаи стандарти 4G таъмин кард.

Имрӯз, қариб тамоми қаламрави шаҳр бо алоқаи 4G фаро гирифта шудааст, ки ҳангоми кор бо Интернет муассирӣ ва иҷрои фаврияти онро таъмин менамояд. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Хоруғ метавонанд аз алоқаи боэътимоди насли чоруми Tcell истифода бурда, барои худ имкониятҳои навро кашф намоянд. Ин навоварӣ (инноватсия) ба сокинони шаҳри Хоруғ имкон медиҳад, ки ба тамоми захираҳои шабакаи глобалӣ: омӯзишӣ-таълимӣ, иттилоотӣ ва фароғатӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Ба шароити мушкил ва дурдастии кӯҳистон нигоҳ накарда, ширкати Tcell ба тақвият ва тавсиаи шабака дар ин минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.Тсеll ҳамвора барои рушду пешрафт ва таҷдиди инфрасохтори худ сармоягузорӣ мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here