Солҳои охир аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёт дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар зиёд гардида, боиси афзоиши тамбашавӣ ва садамаҳои нақлиётӣ гардидааст. Масъулин ба хотири бартарафсозии тамбашвӣ ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ роҳҳои дохили шаҳрро васеъ мекунанд, ки ин дар бехатарии ҳаракати нақлиёт мусоидат хоҳад кард.

Бо дастгирии мақомоти маҳалӣ ва ҶДММ «Фароз» барои ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ кардани роҳҳои марказии шаҳр зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷудо гардида, бо ҷалби мутахасссисони варзидаи маҳаллӣ ва истифода аз техникаи махсуси роҳдорӣ васеъ кардани чорроҳа идома дорад. Масъулин ин иқдомро саривақтӣ ва муҳим ҳисобида, яке аз роҳҳои асосии пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар дохили шаҳр арзёбӣ мекунанд.

Масъулин ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза бахшида, ҳадафи асосиро таъмини зиндагии шоита ба сокинон ва ободиву зебогии шаҳр мегуянд. Давоми солҳои охир бештар аз 30 километр роҳҳои дохили шаҳр таҷдид гардиданд, ки ин дар бехатарии ҳаракат дар роҳ нақши муассир гузошт. Мувофиқи нақшаи корӣ марҳила ба марҳила роҳҳо бозсозӣ гардида, ҷавобгӯи талаботи замон карда мешаванд. Ба иттилои масъулини идораи роҳсозии шаҳр чунин иқдомҳо бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузор минбад низ идома дода мешаванд.

Ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, бунёди 368  иншооти таъиноти гуногун дар нақша аст. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти бунёдшаванда бо маром идома дошта, барҳрабардорӣ дар се соли оянда марҳила ба марҳила сурат мегирад.                                                                              

Бо вусъати корҳои созандагӣ ва сохтани иншооти гуногун агар симои шаҳр тағйиир намояд, дар ин баробар сатҳи бекорӣ коҳиш ёфта, шароити зиндагии сокинон беҳтар мешавад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here