Зимни гузаронидани санҷиш аз тарфи кормандни  Сараёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон кори 18 сартарошхона, 7 кошонаи ҳусн ва ҳуҷраи хусусии дандонпизишкӣ  манъ карда шуда, ду нафар дандонпизишк ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Дар шаҳри Бохтар фаъолияти 29 сартарошхона, 20 кошонаи ҳусн, ва 13 ҳуҷраи стоматологӣ аз ҷониби Сараёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли дар вилояти Хатлон мавриди санҷиш қарор гирифт.

Бино ба иттилои котиби матбуотии ин сарраёсат Сайраҳмон Назриев санҷиши мазкур дар асосои дастури призиденти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки рузи 1 сентябр зимни баромад дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино дода шуд, доир гардид. Дар рафти санҷиш бинобар ба талаботи санитарию эпидимиологӣ ҷавобгӯ набудан фаъолияти 18 сартарошхона боздошта шуда, 11 сартарашхонаи дигар ҷарима шуданд.

Инчунин, фаъолияти 7 кошонаи ҳусн ва ҳуҷраи хусусии дандонпизишкӣ низ мутаваққиф карда шуд. Иттилоъ дода шуд, ки ду нафар дандонпизишк барои риоя накардани талаботи санитарию гигиенӣ ва панҷ табиби ҳуҷраҳои хусусии стоматологӣ барои риоя накардани қоидаҳо бо доруворӣ ба андозаи 10 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Гуфта мешавад, ки чунин санҷишҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа аз тарафи кормандони Сараёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон идома хоҳад ёфт.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here