Яке аз соҳибони ширкати ҳавонавардии S7 ва бойтарин зани Русия Наталия Филёва аз суқути ҳавопаймо дар Олмон ба ҳалокат расид. Дар ин бора расонаҳои хориҷӣ дар такя ба намояндаи расмии ин ширкат ин маълумотро тасдиқ кардаанд.

Ҳодисаи мазкур дар фурудгоҳи шаҳри Франкфурти Олмон рух додааст. Ҳавопаймои хусусӣ, ки Наталия Филёва дар он буд, ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Эгелбах суқут мекунад.

Ҳамзамон, хабар дода мешавад. ки дар суқути ҳавопаймо се шаҳрванди Русия низ ба ҳалокат расидаанд. Яке аз онҳо сарнишини ҳавопаймо буд, мегӯяд ширкати S7, дигарӣ ба гуфтаи Forbes падари Филёва. Ба гуфтаи маркази ҳамоҳангии парвозҳои Олмон ҳавопаймо аз Фаронса меомад. Дар бораи мушкилот дар дохили ҳавопаймо то ҳол чизе гуфта нашудааст.

Наталия Филёваи 55 сол дошт, ки соли 2018 дар рӯйхати Forbes — бойтарин занҳои Русия, ҷойи чорумро ишғол мекард.

Гурӯҳи S7, ки Филёва дар он раиси Шӯрои директорон буд, дуюмин ширкати бузурги хусусии ҳавонавардӣ дар Русия аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here