Соли гузашта ва дар ду моҳи соли равон аз тарфи кормандони шабакаҳои барқ зимни гузаронидани санҷишҳои назоратӣ нисбати 910 муштарӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз онҳо  457 ҳазор сомонӣ маблағи зарар руёнида шудааст.

Сардори хадамоти фурӯши шаҳри Бохтар Аҳлидин Шарипов аз он нигаронӣ кард, ки дар ду моҳи соли равон  беш аз 100 нафар сокинони шаҳри Бохтар барои ғайримақсаднок истифода намудани қуваи барқ ба маблағи 62 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд.

Гуфта шуд, муштариён мехоҳанд, ки ғайримақсаднок қуваи барқро истифода баранд, ки ин рафтори онҳо ба буҷаи кишвар таъсири бад хоҳад расонид.

Ҳамчунин, манбаъ аз он нигаронӣ кард, ки аз тарафи ташкилоту корхонаҳои буҷетӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ, ғайрисаноатӣ неруи барқро зиёд истифода мешавад, аммо маблағи барқро кам пардохт мекунанд. Аз ин ҳисоб қарзи барқ рӯз то рӯз зиёд шудааст.

Ҳоло ташкилоту идораҳо ва аҳолии шаҳри Бохтар дар назди шабакаҳои барқи шаҳр ба маблағи зиёда аз  74 миллион сомонӣ қарздор мебошанд, ки аз ин 34 миллионаш аз аҳолӣ буда, 18 миллиони дигар аз ташкилоту идораҳои буҷетӣ ва боқимонда қарз аз дигар муштариён мебошад.

Аз ҳама қарзи калон дар назди шабакаҳои барқи шаҳр  Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилоят, Раёсати фарҳанг, Раёсати молия, Раёсати адлия, Маркази таълимии калонсолон, ҳукумати шаҳри Бохтар, ҳукумати вилоят ва дигар мақомти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here