26,2  клометр роҳ ва шаш пули маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар дар се марҳила аз ҷониби давлати Чин бо харҷи 102 миллиону 971 ҳазору 476 сомонӣ таъмир мешаванд.

Сардори Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Бохтар Турдиназар Арзиқулов, дар суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки аз ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин дар се марҳила роҳҳо таъмир мешаванд, ки ду марҳилаи он ба охир расида, ҳоло марҳилаи сеюм идома дорад.

Манбаъ илова кард, ки дар марҳилаи якум 6,3 километр роҳ ва ду пул бо харҷи 21 миллиону 784 ҳазору 860 сомонӣ ва дар марҳилаи дуюм 7,3 киломтер роҳ ва ду пул ба маблағи 22 миллиону 680 ҳазору 616 сомонӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуданд.

Ӯ афзуд, ки айни замон марҳилаи сеюм идома дорад, ки дар он таъмири 12,6 киломтер роҳ ва ду пул ба маблағи 58,5 миллион сомонӣ  ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 5,1 километр роҳ пурра мумфарш гардидааст ва таъмири боқии роҳ бо маром идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here