Ронандае, ки дар роҳи марказии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон зани роҳгузарро зер ва аз ҷои ҳодиса фирор кард, боздошт шудааст.
Ҳодисаро дурбинҳои мадорбастаи кӯча сабт кардаанд ва навор дар шабакаи «Ютуб» нашр шудааст. Дар навор дида мешавад, мошини гаронбаҳои сафед, ки зоҳиран суръати баланд дошт, зани роҳгузарро дар миёни роҳ пахш мекунад. Дар натиҷаи зарба роҳгузар 4-5 метр ба замин ғел хӯрда, дигар намеҷунбад. Марде ба ёрӣ мешитобад, ронанда бо суръат аз ҷои садама фирор мекунад.
Аз РКД дар вилояти Хатлон ба «Фараж» гуфтанд, ҳодиса ду рӯз қабл рух додааст ва дар натиҷаи чораҳои оперативӣ худи ҳамон рӯз ронандаи гумонбар дар садама дастгир шудааст.
Манбаъ мегӯяд, садама бо иштироки ронандаи мошини “Тайота королла” Холназаров Фирӯз, сокини 22-солаи ноҳияи Кӯшониён, рух додааст.
Аз тақдири минбаъдаи зани роҳгузар маълумоти дақиқ дастрас нест, вале, манбаъ гуфт, ӯ дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол дода шудааст.