Соҳибкорони саховатпеша ва сокинони заҳматкашу бунёдкори шаҳри Бохтар азм доранд, ки ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукӯҳи хоса ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифта, 10 иншооти ҷашниро мавриди истифода қарор диҳанд.

Валиҷон Ятимзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, аз ҷараёни корҳои созандагӣ иттилоъ дода, гуфт, ки ба муносибати таҷлили Наврӯзи оламафрӯз аз ҷониби соҳибкорон Аловуддин Боронов ва Исомиддин Маҳмадалиев дар кӯчаи Юрий Логинов бо арзиши беш аз 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маркази савдо ва хизматрасонӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Дар кӯчаи Борбад дукони тиҷоратӣ, гулфурӯшӣ, кошонаи ҳусн, майдони истироҳатию фароғатӣ, маркази ҳунарҳои мардумӣ бо гулгашт ва дар кӯчаи Садриддин Айнӣ бинои иловагии муассисаи таълимӣ қомат афрохта, азнавсозии майдони «Шаҳидон»-и маҳаллаи Хатлон ба анҷом мерасад.

Дар баробари ин, бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш дар кӯчаи Дӯстии халқҳо майдони варзиш бо 2000 ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар дар шаҳри Бохтар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад бунёду таъмири беш аз 300 иншоот пешбинї шудаанд, ки то имрӯз зиёда аз 30 адади он бунёд гаштаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here