Дар 8 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии шаҳри Бохтар (МНДСЭ) фаъолияти 59 ошхона ва дигар муассисаҳо барои риоя накрадани қоидаҳои санитарию гигиенӣ то бартараф кардани камбудиҳо баста шудаанд.

Директори маркази мазкур Шамсиддин Гулов иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии шаҳри Бохтар дар 656 иншоот санҷиш гузаронида шуда, 81 нафар соҳибкору дигар шахсони масъул барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ ба маблағи 12 ҳазору 496 сомонӣ ҷарима шуданд.

Манбаъ гуфт, ки зимни санҷишҳо барои риоя нашудани қоидаҳои санитарию гигиенӣ фаъолияти 59 адад ошхона ва дигар муассисаҳое, ки зери назорат буданд, баста шудаанд.

— Ҳангоми гузаронидани санҷишҳо аз бозору мағозаҳо беш аз 624 клограм маводи пасифату қалбакӣ ва муҳали истифодаашон гузашта аз муомилот гирифта шудаанд, ки маблағи онҳо 6 ҳазору 450 сомониро ташкил медиҳад, — илова кард ӯ.

Зикр шуд, ки баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус аз ҷониби марказ танҳо дар моҳи августи соли ҷори  84 ҳазору 604 метри мурабаъ биноҳои баландошиёна ва дигар иншоот безарар гардонида шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here