Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Бохтар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 81 дарсад таъмин гардида, ба буҷет 69 миллиону 259,8 ҳазор сомонӣ маблағ ворид  гардидааст. 

— Барои пешгирӣ ва кам кардани таъсири хафвҳои эҳтимолии бемории сироятии коронавирус аз ҳисоби буҷети шаҳр дар доираи маблағҳои нақшавӣ барои харидани хлор, гидрохлорид, либосу корҷомаҳо, ниқобу антисептик ва дигар лавозимоти тиббӣ беш аз 603 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо  гардидааст, — хабар дод сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар Изатуллозода Ҳабибулло ба “Фараж”.

Гуфта шуд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо аризаи шаҳрвандон ва дархости идораву ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар шаҳр ба маблағи 127,8 ҳазор сомонӣ равона карда шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Раёсати молияи шаҳр барои иҷрои буҷети давлатӣ, маблағгузории саривақтии эҳтиёҷоти муассисаҳои иҷтимоӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Зеро яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат ин саривақт пардохт кардани музди меҳнат ва таъмини саривақтии нафақапулии ашхоси бознишаста мебошад, ки  ба ин масъала роҳбарияти шаҳр ва Раёсати молия  тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то маблағҳои  нафақа музди маоши кормандони соҳааҳои буҷетӣ  сари вақт пардохт карда шаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамаи ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр пурра бо маош таъмин гардида, аз фонди ҳифзи иҷтимоӣ қарздорӣ вуҷуд надорад ва кормандони Раёсати молияи шаҳр талош доранд, ки дар оянда низ қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнати ташкилотҳои буҷетӣ тамоман ба вуҷуд наояд.

Раёсати молияи шаҳри Бохтар фаъолияташро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои ҳукумати кишвар, вилоят ва шаҳр вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона намудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here