Дар варзишгоҳи Пахтакори  маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар гуштии миллӣ баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар ширкат доштанд.

Ташабускорони гуштии миллӣ мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии вилояти Хатлон, ҳукумати шаҳри Бохтар ва соҳибкори ватанӣ Нусратуллои Файзулозода буданд.

Дар чорабинии мазкур раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон, раиси шаҳри Бохтар Исмоилзода Абдуаллим ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.

Барои паҳлавонони номдор ду шоҳҷоиза автомобилҳои тамғаи «Мерседес» ва «Максима» харидорӣ шуда буданд.

Барои тамошои гуштӣ  зиёда аз 12 ҳазор нафар ҷамъ омада буданд. Барои шоҳҷоиизаи авал — мошини тамғаи «Мерседес» Комроншоҳи Устопириён ва Сайҷамол Алимардонов қувваозмоӣ карданд, апввалӣ ғолиб омад.

Барои шоҳҷоизаи дуюм Сайҷалол Саидов ва Темур Раҳимов байни ҳам қувва санҷиданд, ки шоҳҷоиза насбиби касе нашуд, зеро қувваозмоӣ мусови анҷом ёфт.

Шоҳҷоизаи дуюм мошини тамғаи «Максима» ҳамчун туҳфа аз тарафи ташкилкундагони гуштӣ ба Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон дода шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here