Соли 2018 ва дар ду моҳи соли 2019 дар шаҳри Бохтар 116 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин рақам нисбати солҳои гузашта рӯ ба афзоиш дорад.

Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Бохтар Сафаралӣ Муродзода қайд кард, ки омилҳои ҷудошавии оилаҳо, ноомодагии ҷавонон ба ҳаёти мустаҳқил, истифодаи телефони мобилӣ ва эҳтиром накардани  ҳамдигар мебошад.

Дар ин баробар, хиёнати занон нисбати шавҳарони худ низ дар шаҳр ба қайд гирифта шудааст.

Як марде, ки дар Идораи САҲШ-и шаҳри Бохтар бо ӯ вохӯрдем, гуфт, ки ҷиянаш ҳамагӣ 40 рӯз бо оилаи худ зиндагӣ кардаасту халос, зеро келин бо телефони мобилӣ бо дӯстдоштааш суҳбат мекарду бо ӯ пинҳонӣ аз шавҳараш мактубҳои ошиқона мефиристод.

Дар ҳамин ҳол, судяи Суди шаҳри Леваканд Юсуфзода Қудратуллои Файзулло чанде пеш дар як суҳбат ба мо гуфта буд, ки соли гузашта ба Суди шаҳри Левакант  4  парвандаи оилавӣ, ки занон нисбати шавҳарони худ хиёнат кардаанд, ворид шудааст, ки ин омил боиси нигаронӣ аст.

Соли гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд навор аз хиёнати занҳо ба мардоне, ки дар муҳоҷират ҳастанд нашр шуданд, ки дар онҳо саҳнаҳои ишқварзии ин занҳо бо мардони бегона сабт шуда буд ва сару садоҳои зиёдеро миёни ҷомеа ба бор овард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here