Кормандони ташкилоту идораҳо ва нафақахӯрон дар шаҳри Бохтар аз он шиква мекунанд, ки банкоматҳо маблағ надоранд, ё кор намекунанд ва онҳо наметавонанд, сари вақт маблағи худро дастрас кунанд.

Дар маркази вилояти Хатлон, дақиқан дар вақти гирифтани маошу нафақа то се-чор рӯз, баъзе аз банкоматҳои “Амонатбонк” бе маблағ монда, гоҳо корношоям ҳам мешаванд, ки ин вазъ муштариёни ин  бонкро нигарон кардааст.

Дар масъалаи набудани маблағ дар банкоматҳо ва кор накардани онҳо хабарнигори «Фараж» аз мудири БДА ҶТ филиали  №43-и “Амонатбонк”-и шаҳри Бохтар Маҳмадсаидзода Абдукарим суол кард.

Мудири бонк гуфт, ки дар ҳақиқат ин мушкиӣ дар маркази вилояти Хатлон ҷой дорад, зеро аз 8 банкомате, ки дар ин филиал мавҷуд аст, 1 адади он наздик ба як сол мешавад, ки кор намекунад ва касе ба доди мо намерасад. Борҳо ба мақомоти болоӣ муроҷиат кардаанд, аммо чорае андешида нашудааст.

Сабаби набудани маблағ дар банкоматҳоро ҳамсуҳбати мо дар он арзёбӣ кард, ки барои гирифтани маблағ ба бонки вилоятӣ дархост мекунанд, аммо онҳо сари вақт маблағро дастрас намекунанд, аз ин ҳисоб банкоматҳо пул надоранду шикояти муштариён зиёд аст.

Шикояти сокинон дар масъалаи дастрас кардани маблағи нафақаву маош зиёд аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here