Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар то ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давалтии кишвар бунёду барқарорсозии 307 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 65 адади он сохта ба истифода дода шудааст.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода, қайд кард, ки ҳоло корҳои сохтмонӣ дар 110 бинову иншооти дигар  бо маром идома дорад.

— Аз иншооти бунёдшаванда дар шаҳр 18 адади он корхонаҳои саноатианд, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ду адади он сохта шуда, дар назар аст, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2020 се корхонаи дигар ба истифода дода шавад, — гуфт мусоҳиби мо.

Ҳамчунин, ӯ гуфт, то соли 2021 дар шаҳри Бохтар сохтмони 65 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ҳоло дар 35 адади он корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Дар ин баробар боғу гулгаштҳои ҳудуди шаҳр пурра барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон бунёду барқарор карда мешаванд.

Добавить комментарий