Ташкилоту идораҳои шаҳри Бохтар, аҳолӣ ва дигар муштариён дар назди Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар беш аз 5 миллион сомонӣ қарздор мебошанд, ки ин боиси нигаронии масъулони корхонаи мазкур гардидааст.

Роҳбари корхонаи мазкур Абдукарим Яров зимни суҳбат ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки аз сабаби саривақт пардохт нашудани ҳақи истифодаи об  Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Бохтар дар назди нозироти андози шаҳр ба маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ қарздор аст.

Манбаъ гуфт, аз 5 миллион қарзи об се миллионаш аз аҳолӣ буда, боқӣ ба ташкилоту идораҳои шаҳрию вилоятӣ рост меояд.

— Барои баргардонидани қарзҳо ба  мақомоти қудратӣ мактуб кардем, то қарз баргардонида шаваду мо низ андози давлатро супорем, гуфт номбурда.

Ҳамчунин, манбаъ бо нигаронӣ қайд кард, ки айни замон беш аз 20 дарсади қубурҳои обгузар дар ҳолати бад қарор доранд, ки ин ҳолат боиси зуд-зуд ба амал омадни садама мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here