Дар нуқтаҳои фуруши сузишвории минтақаи Бохтари вилояти Хатлон нархи газ яку якбора аз се сомониву 30 дирам ба 4 сомонӣ расидааст, ки ин вазъ ронандагони воситаҳои нақлиёт ва сокинонро ба ташвиш овардааст.
Сокинон бештар аз он дар ҳаросанд, ки бо гарон шудани нархи газ роҳкиро низ аз ҷониби ронандагон боло бурда шуда, ин ба буҷаи оилаашон таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Меҳроб, сокини ноҳияи Шаҳритуз, гуфт, дар ду ҳафтаи охир ронандагон нархи роҳкироро аз маркази вилоят то ноҳия 8 сомонӣ карданд, ки барои донишҷуён мушкил аст. “Аламвораш дар он аст, ки ронандагон пас аз поён рафтани нархи газ дигар роҳкироро паст намекунанд”, — илова кард ӯ.
Сокини дигари шаҳри Бохтар Алишер, қайд, ки аз назди бозори Фаровон то беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов нархи роҳкиро 2 сомонӣ арзиш дошт, ҳоло ба се сомонӣ баробар шудааст.
Даҳҳо нафар сокини дигар аз вилояти Хатлон аз ин вазъ изҳори ташвиш намуда, гуфтанд, ки барои донишҷуён ва нафарони бе ҷойи кор мушкил болои мушкил шуд ва бояд ин амал танзим карда шавад.
Аммо ронандагон сабаби боло бурдани нархи роҳкироро аз баланд шудани нархи газ арзёбӣ карданд. Як ронандаи нақлиёти мусофирбар, ки худро Муҳаммадҷон Шарифов муаррифӣ кард, мегӯяд агар нархи роҳкироро набардоранд, хароҷоташонро намепӯшонад. «Гарон шудани нархи гази моеъ ин охири кор нест ва болоравии нархи он дар назар дошта шудааст. Ба ҳамин далел, агар мо нархи роҳкироро набардорем, хароҷотро намепӯшонад», — гуфт ин ронанда.
Сабаби боло рафтани нархи сӯзишворӣ, аз ҷумла гази моеъро фурӯшандагони нуқтаҳои сӯзишвории минтақаи Бохтар дар омилҳои беруна медонанд. Ба қавли як фурӯшандаи нуқтаи сӯзишворӣ дар шаҳри Бохтар, онҳо газро аз хориҷа бо нархи гарон харидорӣ мекунанд. «Мо аз хориҷи кишвар газро бо нархи гарон дастрас мекунем, аз ин лиҳоз наметавонем онро бо нархи арзон ба фурӯш барорем, зеро ин хароҷотро таъмин намекунад», — мегӯяд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони маҳаллӣ омили болоравии ин мушкилро низ аз коркард нашудани конҳои нафтии кишвар медонанд. Ба қавли онҳо, воридоти сӯзишворӣ дар Тоҷикистон танҳо ба 2-3 ширкат рабт дорад, ки онҳо дар нархгузорӣ озоданд. Агар ширкатҳои воридкунандаи сӯзишворӣ дар мамлакат бештар бошанд, бо рақобат пайдо шудан нарх поён хоҳад рафт. Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки аз болои нарх бояд Хадамоти зиддиинҳисорӣ назорат кунад.