Дирӯз дар маркази саломатии шаҳри Бохтар бо ташабуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ «Корвони саломатӣ» баргузор гашт.

Сарпизишки маркази саломатии шаҳри Бохтар Абдуллозода Содиқҷон хабар дод, ки дар ин рӯз 113 кӯдак ба таври ройгон хатна карда шуданд. Инчунин, дар ин рӯз 6 ҳазор сокини  вилояти Хатлон аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуданд.

Барои баргузории «Корвони саломатӣ» зиёда аз сад нафар табиби ботаҷриба  аз шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон ҷалб гардида буданд.

Аз ин иқдоми пешгирифтаи ҳукумати кишвар сокинон хушнуд буда, гуфтанд, ки ин амал барои муайян кардани бемории сокинон нақши муҳим дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here