Масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мегӯянд, сахтгириашон дар мисоли корхонаи муштараки тиллои «Зарафшон» барои ширкатҳои хориҷӣ як такони ҷиддие дар самти иҷроиши шарту талаботи дар уҳдадориҳои иҷозатномадиҳӣ ба зимаашон гузошта мебошад.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода имрӯз, 13-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар оид ба камбудию дастовардҳои вазорат дар самти воридот, содирот ва рушди истеҳсолоти ватанӣ суҳбат кард.

Вазир дар мавриди хабарҳо оид ба қисман баста шудани корхонаи муштараки истихроҷи тиллои Тоҷикистону Чин — «Зарафшон», ки гуфта мешавад, ҳудуди 2000 нафар сокинони маҳаллиро бекор гузоштааст, гуфт, корхона 5 талабот ва уҳдадориҳое, ки Ҳукумати кишвар ба зиммаашон гузошта буд, иҷро накард ва гузашта аз ин, муҳлати иҷозатномаи фаъолияташон ба поён расида буд.

— Тибқи талаботи иҷозатномадиҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонае, ки иҷозати истихроҷи ин ё он намуди маъданро мегирад, якчанд талаботро бояд иҷро кунад. Корхонаи муштараки «Зарафшон» бояд мактаб, боғча, як маркази барқӣ (ТЕЦ) месохт ва илова бар ин, роҳро таъмир ва музди меҳнати коргаронро зиёд мекард. Муттаасифона, аз ин талаботҳо ягонтояшро иҷро накард. Аллакай 20 тонна тилло гирифтаанд, пагоҳ монда мераванд, дар он ҷо дигар чӣ мемонад? Роҳ вайрон, як мактаб насозанд, як боғча насозанд. Ин хел намешавад! Гуруҳи корӣ муайян кард, ки талабот иҷро нашудааст. Иловар ба ин, муҳлати иҷозатномаашон ба охир расида буд. Вақте иҷозатномаи навро пурсиданд, мо аз онҳо иҷрои уҳдадориҳои дар иҷозатномаи қаблӣ ба дӯш гирифтаашонро талаб кардем. Ҳозир иҷро карданд, иҷозатномаи навро гирифтанд ва аз рӯзи 6-уми феврал пурра ба фаъолият сар карданд. Ман фикр мекунам, ки ин талаби одилона аст, — гуфт Шавкат Бобозода.

Вазир ба суоли он ки корхона чӣ тавр он талаботи давоми 10 сол ба зимма гирифтаашро иҷро накарду дар ин муддати кӯтоҳ ба сомон расонидааст, гуфт, иҷроиши масъалаҳои иҷтимоӣ дар маблағгузорӣ аст.

— Лоиҳаи боғча таҳия шудааст. Шартнома бо ширкати сохтмонӣ баста шудааст. Роҳбарияти корхона ҳуҷҷат оварданд, ки музди маоши коргарон баланд карда шуд. Ҳамчунин, тибқи ҳуҷҷати пешниҳодкардаашон сохтмони мактабро ҳам оғоз кардаанд, ба таъмири роҳҳо низ сар кардаанд. Аз ин рӯ, фикр мекунем, масъалаҳои иҷтимоии ин минтақа давоми сол иҷро мешаванд, — шарҳ дод Бобозода.

Ёдовар мешавем, ки Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин — «Зарафшон» дар заминаи Комбинати маъдани тиллои Тоҷикистон, ки соли 1990 ба кор оғоз карда буд, таъсис ёфта, он замон ашёи хом (консентрат) истеҳсол мекард. Моҳи сентябри соли 1994 ҳамроҳ бо ширкати бритониёии «Common wealth and British Minerals, PLC» бо шарти 51 бар 49 корхонаи муштараки «Зарафшон» таъсис дода шуда, моҳи январи соли 1996 маҳсулоти заминавии корхона баъди ба истифода додани навбати аввал 2 тонна тиллои тамғаи «Доре»-ро дар як сол ташкил дод.

Соли 2007 саҳмияҳои корхонаро ширкати Zi jin Mining Group Co Ltd.-и Чин харидорӣ кард. Акнун 75 фоизи саҳмияҳо ба ин ширкат ва 25 фоизи он ба Ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ доранд. Корхона аз воҳиду сохторҳои зиёде иборат буда, шумораи коргаронаш беш аз 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Манбаи ашёи хоми корхона-конҳои «Таррор», «Ҷилав», «Хирсхона» ва «Олимпийское», ҳамчунин як қатор конҳои хурди маъданӣ дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба шумор меравад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here