Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаро оид ба тавсеаи ҳамкориҳо бо мақсади таҳкими иқтидори кишвар баҳри вокуниш ба офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба иқлим имзо намуданд.
Тибқи созишнома, ки ҳафтаи гузашта зимни як чорабинӣ дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, БОҶ тартиби табодули дониш ва маълумотро барои сари вақт ҷавоб гуфтан ба офатҳо таҳия месозад ва баҳри роҳандозии он кӯмак мекунад.
“Мо бо БОҶ ҳамкории зич ва мустаҳкам дорем. Созишномаи мазкур роҳи навро барои доираи васеи робитаҳои дуҷониба баҳри омодагӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ ва расонидани ёрӣ ба мардуми ниёзманд дар сар то сари Тоҷикистон мекушояд,” — иброз дошт раиси КҲФ Рустам Назарзода.
БОҶ фаъолона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳким бахшидани иқтидори Гурӯҳи фаврии арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодда ва Платформаи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ кӯмак мерасонад. БОҶ инчунин захираи озуқаворӣ дар кишварро барои кафолати ёрии фаврӣ дар ҳолати фавқулодда дастгирӣ менамояд.