Ҳафтаи ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Миллали Муттаҳид бо мақсади таҳкими иқтидори Тоҷикистон дар омодагӣ ба офатҳои табиӣ ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти нави иттилоотӣ тӯҳфа кард.
Таҷҳизоти нав аз GPS навигаторҳо, дастгоҳҳои наворбардорӣ, ноутбукҳо, планшетҳо ва принтерҳо иборат буда, аз он кормандони Маркази идораи иттилоот ва таҳлил (IMAC) дар вилояти Суғд барои баҳогузорӣ ва пешгӯии хатари офатҳои табӣӣ, инчунин бо мақсади ҷамъоварӣ, таҳлил ва саривақт паҳн кардани маълумот оид ба ҳолатҳои фавқулодда истифода хоҳанд бурд.
“Азбаски дар Тоҷикистон эҳтимолияти сар задани офатҳои табиӣ, ки аз он дар аксари ҳолат қишри осебпазири аҳолӣ зарар мебинад, бисёр аст, таҷҳизоти мазкур ба кишвар барои саривақт омода будан ба онҳо ва кам кардани хатар кӯмак мекунад, — изҳор дошт директори намояндагии БОҶ дар Тоҷикистон Алберто Корейя Мендес. “Ин таҷҳизот иқтидори IMAC-ро дар арзёбӣ ва баҳогузории офатҳои табиӣ баланд бардошта, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аксуламали саривақтӣ ва самаранок ба хатари табиӣ ёрӣ хоҳад дод.”
Бар замми барномаҳои ғизои мактабӣ, озуқаворӣ ва таҳкими иқтидори ҳукумат дар Тоҷикистон БОҶ инчунин барои баланд бардоштани иқтидори хукумати кишвар ва мақомоти дахлдор дар кам кардани хатари офатҳои табиӣ, омодагии ҳаматарафа ба ҳолатҳои фавқулодда ва чораҷӯии саривақтӣ дар чунин ҳолатҳо фаъолият мебарад.
Тӯли чор соли охир БОҶ бо мақсади бунёди ҷомеаи ба офатҳои табиӣ устувор ва пешбурди фаъолияти кумита дар байни аҳолӣ КҲФ-и Тоҷикистонро тавассути расонидани кӯмаки техникӣ, таъмин намудан бо таҷҳизот, ташкили тренинг ва омӯзишҳои ҳаматарафа ба кормандон дар сатҳи маҳаллӣ ва вилоятӣ дастгирӣ менамояд.
Зимни чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода ба БОҶ барои кӯмак ва дастгирӣ изҳори сипос намуда, пешниҳод намуд, ки минбаъд низ дар соҳаи омодагӣ ба офатҳои табиӣ ҳамкориҳоро вусъат бахшанд.
Дар як дехаи Точикистон замин сахт чумбид. Талафоти чони ба вукуь напайваст, зеро хамаи сокинони деха дар мухочирати мехнати дар Русия будаанд.