Як мард дар ноҳияи Мастчоҳ марди дигареро бо далели робита доштан бо ҳамсараш ба қатл расонда, ҷасадашро ба чоҳи об андохтааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.

Баъди чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони содир кардани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шудааст.

Номбурда, 9-уми декабри соли 2020, тахминан соати 22:00, аз ҳиссиёти рашки зиёд ба ҳасараш, марди 33-солаи ҳамдеҳаашро ба воситаи телефон барои гуфтугӯ ба канори роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Оббурдон даъват карда, бо мақсади аз ҳаёт марҳум сохтани номбурда, бо ӯ даъво карда, бо табари дар дасташ буда, чанд маротиба ба сари ҷабрдида задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Сипас, гумонбаршаванда барои рӯйпуш кардани ҷиноят ҷасадро ба чоҳи об партофта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 ,қисми 1- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here