Дар Душанбе бо пуштибонии ширкати Tcell муаррифии ду албоми мусиқии миллӣ — «Зебоипарастӣ» и «Орифона» баргузор шуд.

«Зебоипарастӣ» — ин тарҳи бузургмиқёси мусиқӣ бо фарогирии маҷмӯаи оҳангу сурудҳои мардумӣ буда, таронаву матнҳо дар иҷрои ҳунармандони маъруфи тоҷик садо медиҳанд.  Кор болои ин албом тайи ду соли ахир идома ёфта, роҳбарии лоиҳаро продюсер Фирӯз Шабдолов ба зимма дошт. Овозхонҳои саршиноси Тоҷикистон Далер  Назаров, Иқбол  Завқибеков, Улфатмо Мамадамбарова, Бахтибегим Орифова ва Мародбахт Файзова зимни муаррифии албом ширкат ва ҳунарнамоӣ доштанд.

Ширкати Tcell дар чаҳорчӯби масъулияти иҷтимоиаш аз тарҳи мусиқии “Зебоипарастӣ” пуштибонӣ кард. Ба унвони як ширкати масъулияти иҷтимоидошта, Tcell барои ҳифзу нигаҳдошт ва тарғиби анъанаҳои миллию фарҳангӣ ҳамеша талош меварзад. 

 «Tcell бо хушнудӣ шарики ҳамкор дар татбиқи лоиҳаи мазкур гардид. Ширкати Tcell тарҳҳои фарҳангиро ҷонибдорӣ менамояд, зеро тарғибу ташвиқ, ҳифз ва нигаҳдошти анъанаҳои миллӣ як бахши муҳими зиндагии инсонҳо аст. Маҳз чунин иқдому тарҳҳо миёни ҷавонон шавқу рағбатро бедор карда, онҳоро барои эҳтироми суннату фарҳанги қадимӣ таҳрик медиҳад ва ин дастовард ҳамин тавр аз насл ба насл мегузарад”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Вижагии албоми «Зебоипарастӣ» дар он аст, ки ҳунармандон оҳангҳои худро худашон иҷро менамоянд. Ба синну солашон нигоҳ накарда, бештари иштирокчиёни лоиҳа оҳангу таронаҳои беҳтаринашонро дар назди ҳозирин бо санъати баланду олӣ пешниҳод сохта, маҷмӯаи нодиреро аз фарҳанги кӯҳистони Тоҷикистон ба вуҷуд оварданд. Сабту банду басти маҷмӯа (албом)-и мусиқӣ дар Помир, Душанбе, дараи Варзоб, Маскав ва Алма –ато анҷом ёфтааст.

Аснои муаррифии албоми мазкур ҳунармандони хушсалиқаву нотакрор Самандар Пӯлодов, Иқбол Завқибеков, Мародбахт Файзова ва гуруҳи созию овозии «Шамс» баромад намуданд. Дар оғоз Далер Назаров бо сухани ифтитоҳӣ маъракаро ифтитоҳ ва албоми навашро таҳти унвони «Орифона» манзури тамошобинон кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here