Ду варзишгари тоҷик, паҳлавонони намуди кураш дар даври аввал дар Бозиҳои Осиё-2018 бар рақибони худ дастболо шуданд, аммо ҳарду ҳам дар даври чорякфинал мағлуб гардиданд.

Орифҷон Додови 22-сола дар вазни -66 кг бар ҳарифи худ Као Шиуани 19-сола  аз Тайбэйи Чин бо натиҷаи 10:0 дастболо гардид. Сипас дар даври чорякфинал аз варзишгари 31-солаи эронӣ Қанбаралӣ Қанбар бо натиҷаи 0:10 шикаст хӯрд. Додов дар набарди якуми худ бар варзишгари Кувайт Муҳаммад Муҳаммади 33-сола ғолиб омада буд.

Паҳлавони дигари 23-солаи тоҷик Баҳодур Ҳалимов низ дар ҳамин вазн майдондорӣ кард ва дар нахустин рақобати худ варзишгари 17-солаи яманӣ Салим Муҳаммад Гамалро шикаст дод. Натиҷаи ин набард низ бо ҳисоби 10:0 бар нафъи паҳлавони тоҷик ба анҷом расид. Дар даври чорякниҳоӣ Ҳалимов бо Чан Ҳаоченги 25-сола майдондорӣ кард ва бо натиҷаи 0:10 ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. Ҳалимов дар рақобати аввали худ бар паҳлавони Туркманистон Шоҳмуҳамад Қурбонов ғалаба карда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here