Таҳти ин унвон дар шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон як ҳамоиш ифтитоҳ ёфт, ки намояндагони чанд ҷумҳурии қораи Осиё ширкат доранд. Ин ҳамоиш бо иқдоми вазоратҳои маориф ва илми Қирғизистон, Қазоқистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, ҳамчунин бо ёрии молии САҲА, созмони бачагони ЮНИСЕФ ва Маркази такмили ихтисоси байналмилалии “Орлеу” таъсис ёфтаааст.

Тавре ки иштирокчии ин ҳамоиш аз Тоҷикистон Барно Ҳакимова ба мухбири “Фараж” гуфт, бар асоси Меморандуми ҳамкории вазоратҳои маориф ва илми кишварҳои ширкаткунандаи он ҳамоиши махзкур баргузор гардидааст. Масъалаи таҳти баррасӣ “Таълими бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ ба мақсади ҳамгироӣ ва рушди устувор” мебошад, ки дар бораи масъалаи таъмини боназми иҷрои ин корҳо низ муҳокимаҳои васеъ сурат мегиранд.

— Пешбурди барномаҳои мутобиқшудаи бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ дар ҳамгироии ҷомеаҳои гуногун баҳри рушди устувор нақши муассир мебозад. Мусоидат дар амалӣ шудани таълими бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ барои ташаккули шаҳрвандии глобалӣ дар асоси салоҳиятнокӣ ва  расидан ба ҳадафҳои рушди устувор маҳз инкишофи ҳамкориҳои дуҷониба ва сеҷонибаро тақозо менамояд. Ин ҷо таълим барои ақалиятҳои миллӣ, ки ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз ин раванд орӣ нестанд, такмил дода мешаванд,-мегӯяд Барно Ҳакимова.

Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо баланд бардоштани иқтидори ташхисии мамлакатҳои узви САҲА перомуни масъалаҳои амалигардонии таълими бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ ба натиҷаҳои таълими он вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз аз тариқи мубодилаи афкор ва дастурдиҳӣ, таҳияи нақшаҳо, арзёбии барномаҳои таълими бисёрзабонӣ ва амалӣ кардани он, методика ё усули таълими забони модарӣ ва забони дуюм, таълими ҳамгиро аз рӯи фан ё забон гирдиҳамомадагон ибрози назар мекунанд.

— Яке аз масъалаҳои умдаву муҳим такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ мебошад. Онҳо дар мактаб вазифа анҷом медиҳанд, ки бисёрзабона аст. Аз ин мо кадом натиҷаҳоро интизор мешавем? Пеш аз ҳама, дар ин мактабҳо иштирокчиёни раванд метавонанд барои расидан ба ҳадафҳои устувор ва ташаккули шаҳрвандии глобалӣ, ки асоси он салоҳиятнокӣ мебошад, аз тариқи таълими бисёрзабонӣ ва бисёрфаҳангӣ донишу малакаҳои нав пайдо кунанд,-мегӯяд Барно Ҳакимова.

Вай афзуд, дигар ин ки онҳо қодир мешаванд ба шароити нав худро мутобиқ созанд, барои таҳлил ва арзёбии фаъолияти худ малака ҳосил намоянд, маҳорати худро ҷиҳати таълифи барномаҳо, маводи таълимӣ ва усулҳои ташхиси таълими бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ мустаҳкам кунанд.

— Баъд натиҷа маълум мекунад, ки лоиҳаҳои маводи тавсиявӣ-методӣ арзи вуҷуд мекунанд ва он дар зинаҳои гуногуни амалӣ кардани барномаи бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ғайр аз ин, дар марҳилаи сеюм Барномаи таълимии Комиссариати олии САҲА дар умури ақалиятҳои миллӣ барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад, ки байни муассисаҳои таълими минтақавӣ ва марказҳои такмили ихтисоси омӯзгорон барнома ва механизими ҳамкориҳо ба вуҷуд ояд. Татбиқи он дар пешрафти таълими бисёрзабонӣ ва бисёрфарҳангӣ нақши муҳим мебозад, — тазаккур дод Барно Ҳакимова.

Ин ҳамоиш то 22-юми ноябр давом мекунад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Ӯш, Қирғизистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here