Як сокини шаҳри Ҳисор, ки худро Хуршед Қодиров муаррифӣ кард, ба faraj.tj аз он шикоят кард, ки муддати тӯлонист хати алоқаи ширкати “Билайн” мушкил дорад ва барои суҳбат кардан мувофиқ нест.  

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, натанҳо онҳо, балки аксарияти муштариёни “Билайн” ба ин мушкилӣ дучор омадаанд.

“Аз ширкати мобилии “Билайн” ҳама шикоят доранд, ки алоқа умуман суст аст. Чунин суръат натанҳо, дар Ҳисор, балки дар шаҳри Душанбе низ ба назар мерасад. Суст будани суръати интернеташ ба ҳамагон маълум аст, вале хати алоқааш низ зуд-зуд “канда” мешавад ва ин барои муштариён мушкилӣ эҷод мекунад. Ҳангоми занг аз гӯшӣ “дар хати алоқа нест” мешунавӣ, ё умуман алоқа канда мешавад. Интернет баъзан то 10 рӯз дастнорас мешавад, ки таъмирро баҳона мекунанд. Панҷ маротиба оффиси “Билайн”, ки воқеъ дар бозори “Саховат” аст, рафтем, мегӯянд “кори шумо аст, ба мо дахл надорад”, — иброз медорад Хуршед.

Ин муштарии “Билайн” мегӯяд, муддати зиёд аст, ки оилавӣ аз ин ширкат истифода мебаранд, акнун маҷбур ҳастанд, ки дигар ширкати мобилиро интихоб кунанд.

— Мо оилавӣ аз симкорти билайн истифода мебарем, акнун маҷбур ҳастем, ки ба дигар ширкат пайвандем. Дар аввал вазъ ин хел набуд, се-чор моҳи охир аст, ки чунин мушкилӣ пайдо шудааст, — гуфт ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here