Дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони  Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии камуналии шаҳри Бохтар 703 саги дайду безарар гардонида шуд.

Роҳбари корхонаи мазкур Ғиёсов Зафар гуфт, ки омили зиёд шудани сагҳои дайду дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ин аз ҷониби сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо ба шаҳр овардаву раҳо кардани сагҳо аст.

— Ба ҳар сурат, мо кӯшиш дорем, ки саривақт онҳоро безарар гардонида сокинонро аз хаьари онҳо эмин нигоҳ дорем, — илова кард ӯ ва гуфт, ки ҳар моҳ тақрибан 75 саг безарар гардонида мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here