Барои гаштугузори бениқоб дар кӯча то 300 сомонӣ ҷарима муайян гардид ва нафаронеро, ки боис ба паҳншавии бемории сироятӣ мешаванд, аз 2 то 5 сол зиндон интизор аст. Дар сурати такрор ёфтан шахси паҳнкунанда аз 5 то 10 сол ба ҳабс маҳкум мешавад.

Тарҳи тағйиру иловаҳо ба Кодекси маъмурӣ ва ҷиноятии Тоҷикистон аз ҷониби вазири адлияи кишвар Музаффар Ашӯриён пешниҳод карда шудааст ва имрӯз, 10-уми июн, он аз ҷониби вакилони мардумӣ қабул гардид.

Вазири адлия Музаффар Ашӯриён гуфтааст, ки муқаррароти мазкур барои нақзи қоидаҳои беҳдоштӣ дар давраи ҷаҳонӣ шудани бемории сироятӣ дахл дорад.

Айни замон як нишондиҳанда ба 58 сомонӣ баробар аст ва тибқи тағйироту илова ба Кодекси маъмурӣ ҷарима барои ашхоси бениқоб аз 116 то 290 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Инчунин, барои пахши ахбори нодуруст дар расонаҳо ва шабакаҳои интернетӣ дар бораи бемории ҳамагир ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст. Ҷарима барои пахши маълумоти ғалат ба шахсони воқеӣ аз 10 то 20 нишондиҳанда ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 150 то 200 нишондиҳанда муайян карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here