Дирӯз дар шаҳри Душанбе бинои “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона” ба истифода дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.

Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва 200 кат барои муолиҷаи кудакон муҷаҳҳаз карда шудааст.

Дар ошёнаи якуми беморхона шӯъбаи наҷот, шӯъбаи бемориҳои қатрагӣ, дар ошёнаи дуюм шӯъбаи бемориҳои сироятии муолиҷавӣ, ошёнаи сеюм ва чорум шӯъбаи бемориҳои сироятӣ, ошёнаи панҷум Шӯъбаи бемориҳои паразитӣ, инчунин утоқҳои корӣ маъмурияти беморхона ва маҷлисгоҳ барои 70 ҷойи нишаст, ошёнаи шашум бошад кафедраҳо, аудиторияҳо ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир мебошанд.

Ҳамчунин беморхона тавақуфгоҳ, бунгоҳи барқӣ бо 2 трансфарматор, иншооти безараргардонӣ, анбори нигоҳдории сабзавот ва ошхона дораад. Дар маркази муосири тиббӣ 260 нафар мутахассисони варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ба кор ҷалб шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here