Беморхонаҳои Ашқободи Турманистон барои беморони нав ҷой ҷудо карда, беморонеро, ки аҳволашон беҳтар шудааст, ба хонаҳояшон рухсат мекунанд.

Тавре хабарнигори “Азатлик” хабар медиҳад, «дар беморхонаҳои пойтахт ҷойи холӣ нест ва бо ҳамин минвол, беморони коронавирус ва инчунин беморонеро, ки ба дигар касалиҳо гирифтор шудаанду ҳолаташон каму беш беҳтар мешавад, аз беморхона ба хона гусел мекунанд. Инчунин, ба онҳо тавсия медиҳанд, ки табобаташонро дар хонаҳояшон давом диҳанд. Ғайр аз ин, нисбати он беморони дорои нишонаҳои COVID-19, ки аз бистарӣ шудан саркашӣ кардаанд, чораҳои сабуктар андешидаанд.

Дар оғози моҳи декабр хабар дод шуд, ки маҷбуран бистарӣ кардани шахсоне, ки бо нишонаҳои коронавирус ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат кардаву баъдан аз табобат дар беморхона даст кашидаанд, дигар вуҷуд нахоҳад дошт.

Дар пайи гузоришҳо дар бораи афзоиши шумораи беморон ва фавт аз коронавирус, мақомоти Туркманистон иддао доранд, ки дар кишвар ягон ҳодисаи сирояти COVID-19 вуҷуд надорад. Мақомоти Туркманистон озмоишҳои COVID-19-ро барои озмоишҳои мустақилона ба озмоишгоҳҳои хориҷӣ намефиристанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here