Даҳҳо нафар дар асари инфиҷор дар бандари Бейрут ҳалок ва ҳазорон нафар захмӣ шуданд. Ниме аз сохтмонҳои ин шаҳр осеб дида, бемористонҳо пур аз захмиҳо ҳастанд.

Президенти Лубнон ҷаласаи изтирории Шӯрои олии дифоъро ташкил дод. Дар пай ин ҷаласа , Бейрут ба унвони шаҳри фоҷиа эълом шуд ва вазъияти изтирорӣ дар кишвар ҷорӣ гардид. Артиш контроли маҳаллоти тахрибшударо ба даст гирифт. Тибқи иттилои пешакӣ, ин инфиҷорҳо дар анборе, ки нитрати омуниуми мусодирашуда нигоҳ дошта мешуд, рух додаанд.

— Имруз, ҳар касе дар Бейрут буд, гиря мекунад. Бошад, ки Худованд ҳама қурбониёнро биёмурзад ва ҳар касе, ки метавонад ба маҷрӯҳон хун эҳдо кунад, як дақиқаро дареғ надорад, зеро теъдоди захмиён хеле зиёд аст, — чунин менависанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Дар асоси иттилои пешакӣ, 78 нафар ҷон бохтанд ва беш аз 4 ҳазор нафар шадидан захмӣ шудаанд.

Дар миёни ҳалокшудагон дабири кулли ҳизби миллигаройи Лубнон «Катаиб» Назар Наҷҷорён, ҳамсар ва духтари нахуствазири Лубнон Ҳасан Диёб, чанд тан аз мушовирони вай, сулҳхоҳони Созмони милал , консули сафорати Қазоқистон ва корманди сафорати Русия низ ҳастанд.

Имрӯз дар Лубнон рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here