Духтари 22-солае аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва ин боиси ба садама дучор шудани мошин шудааст, ки дар натиҷа ду духтари дигари 22-солаи савори ин мошин дар об ғарқ шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
9-уми августи соли 2018, тахминан соати 18:30, автомашинаи тамғаи “Чанху”, ронандааш Сулаймонов Фирӯз Исломбекович, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Хосаи ноҳияи Шуғнон, ҳангоми дар назди деҳаи Ёмҷ қарор доштанаш ба садами нохуш дучор шудааст. Бандишоева Фарзия Ёрабшоевна, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Миденшор ба дохили автомашина даромада, муҳаррики автомашинаро ба кор дароварда, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадаааст. Дар натиҷа мошин ба даруни ҳавзи об чаппа шудааст. Мусофирони мошин Охонова Махфират Зубаҳировна, соли таваллудаш 1996 ва Ҷаннатшоева Азиза Маснавшоевна, соли таваллудаш 1996, сокинони ноҳияи Ишкошим дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.
Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.