Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз рух додани чанд ҳодисаи нохуши нақлиётӣ хабар дод, ки аксари онҳо дар натиҷаи беэҳтиётӣ ба вуқӯъ омадаанд ва боиси марги одамон шудаанд.

8-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 17:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” Муқимов Муродулло Мирдӯстович, соли таваллудаш 1961, сокини ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Айнӣ-Панҷакент”, дар ҳудуди мавзеи ДаштиМаллаи ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи ҳамин шаҳр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба садама дучор шудааст. Дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи мазкур Орифов Қурбоналӣ Расулович, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Панҷакент, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

10-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 10:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Муссо” Ахмедов Шаҳобиддин Ҷумъаевич, соли таваллудаш 1977, сокини деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан дар мавзеи Метаки нави минтақаи Ҷикрӯди деҳаи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба чуқурии 80-метр чаппа кардааст. Дар натиҷа мусофири он Қосимов Ҷамшед Маҳмадҷонович, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Гулистон, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона расондан ҷон додааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here