Имрӯз дар Бозиҳои Осиё-2018 ду варзишгари тоҷик дар намуди кураш майдондорӣ карданд, ки аз инҳо яке ба финал роҳ ёфт.
Акмал Муродови 22-сола дар вазни -81 кг дар даври аввал бар варзишгари Вйетнам Буи Мун Гуани 26-сола бо натиҷаи 10:0 дастболо шуд. Дар даври 1\16-финал ин паҳлавони тоҷик бо варзишгари 24-сола аз Сурия Муҳаммад Қосим ба майдон баромад ва бо ҳамин натиҷа пирӯз гардид. Дар даври чорякниҳоӣ кори Акмал Муродов омад накард ва ӯ аз варзишгари Узбекистон Сарвар Шомуродови 23-сола мағлуб гардид.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазодаи 23-сола аз даври 1\16 ба майдон баромад ва бо дилпурӣ паҳлавони ӯзбекистонӣ Мусо Собирови 21-соларо аз пеши роҳаш бардошт. Сипас, дар даври чорякниҳоӣ Беҳрӯз Хоҷазода камари паҳлавон аз Тайбэйи Чин Чунта Ҳуанги 33-соларо хам кард. Беҳрӯз дар даври нимниҳоӣ бо паҳлавони 23-солаи эронӣ Умед Тезтак бояд майдондорӣ кард ва ӯро низ аз пой афтонд. Ин варзигари Тоҷикистон ба хазинаи кишвар боз як медал зам хоҳад кард, ки ҳадиаққал он нуқра аст. Ӯ дар фурсатҳои баъдӣ дар финал бо намояндаи дигари Эрон Илёс Алиакбарӣ, ки дар нимфинал Сарвар Шомуродви ӯзбекро мағлуб кард, ба майдон мебарояд.