17 ноябр президент дар Наврӯзгоҳи пойтахт ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати оғози кори агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” баргузор шуд, ки дар он Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок карданд.

Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ва иштирокчиёни тантанаи идонаро бори дигар бо барқи аввали нерӯгоҳи “Роғун” табрику таҳният гуфт.

Таъкид гардид, ки баъди барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар, бо вуҷуди вазъи мушкили молиявию иқтисодии мамлакат, сохтмони нерӯгоҳи азиму ҳаётан муҳим оғоз гардид, зеро бидуни сохтмони Роғун талаботи мунтазам афзояндаи аҳолӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишварро бо барқ қонеъ намудан ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин кардан ғайриимкон мебошад. Яъне нерӯгоҳи “Роғун” омили муҳимтарини рушду тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон ва зиндагии осудаи мардуми он ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки афзоиши табиии шумораи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, яъне рушди иқтисоди миллӣ ва афзудани талабот ба нерӯи барқ тақозо мекунад, ки ҳаҷми истеҳсоли он дар кишвар афзоиш дода шавад. Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ истеъмоли нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ сеюним баробар зиёд гардида, ин рақам соли 2017 ба 5,7 миллиард киловатт-соат расид ва имрӯз беш аз 42 фоизи истеъмоли дохилии нерӯи барқ ба аҳолии кишвар рост меояд.

Чорабинӣ бо барномаи бошукуҳи консертӣ ва оташбозии бардавом хотима ёфт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here