Президенти Сурия Башор Асад президенти ИМА Доналд Трампро беҳтарин президент дар таърихи ин кишвар номбар кард, зеро ӯ ҳадафҳояш — масалан, хоҳиши ғасби контроли сарчашмаҳои нафтро — ошкоро изҳор мекунад. Асад инро дар мусоҳиба бо шабакаҳои телевизионии давлатии Сурия изҳор кард.
«Вай беҳтарин на аз рӯи сиёсатҳои хуб мебошад, балки нисбатан шаффоф аст. Ӯ мустақиман мегӯяд: «мо ба нафт ниёз дорем», «мо мехоҳем, аз фалонӣ халос шавем», «мо дар ивази пул хидматрасонӣ мекунем». Ин сиёсати ИМА мебошад. Чӣ беҳтар аз душмании рӯирост буда метавонад?” — гуфт Асад.
Вай қайд кард, ки дар маҷмӯъ, президентҳои ИМА ҷинояткороне ҳастанд, ки баъзан ҷоизаи сулҳи Нобелро мегиранд, дар асл бошад танҳо фармудаи дастгоҳро иҷро мекунанд.