15-уми ноябри соли 2019 бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи HyattRegencyDushanbe Форуми «Сармоягузориҳои хориҷӣ дар бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастовардҳо ва дурнамо» баргузор гардид.

Форумро Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ташкил намуд.Сарпарасти асосии ин чорабинӣ ҶСК «Бонки Эсхата» мебошад.Инчунин, форуми мазкурро ҶСК «Ориёнбонк», MDC Финка, ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ТАҚХ «Имон Интернешнл», ҶСП «Бонки тиҷоратии Тоҷикистон» дастгирӣ намуданд.

Дар форум зиёда аз 150 иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони Ҳукумат ва Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳри Душанбе, Бонки миллии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, донорҳо ва шарикон, бахши бонкии кишвар, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, мушовирон ва васоити ахбори омма иштирок карданд.

Мавзӯи форум бо назардошти зарурати ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвар бо мақсади муайян намудани монеаҳо ва андешидани чораҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби шарикони нав интихоб карда шуд.

Дар маросими ифтитоҳии Форум муовини раиси БМТ Салимова Л.Д., муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Анварӣ Н., муовини вазири молияи ҶТ Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, сардори Департаменти сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҳукумати шаҳри Душанбе Шоҳталбзода М., намояндаи доимии БАТР дар Тоҷикистон Рустамова А., менеҷери Лоиҳаи Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ З. Одинаева суханронӣ намуданд.

Дар рафти форум имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайянсозии омилҳои ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ, суботи макроиқтисодӣ ва хавфҳои эҳтимолӣ баррасӣкарда шуданд. Инчунин, мавзуҳои «Ҷалби сармоягузории хориҷӣ: вазъи кунунӣ ва стратегияҳои рушди минбаъда», «Принсипҳои асосии ҷолибияти муассисаи молиявӣ барои сармоягузорон» мавриди баррасӣқарор гирифтанд.

Директори иҷроияи АТМХТ Фаттидинова З.зикр намуд, ки“як қатор пайвандҳо барои иштирокчиёни бахши молиявӣ, муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ барои мубодилаи иттилоот, таҷрибаи амалӣ ва оғози ҳамкориҳои нав мебошад, ки шумораи зиёди сармоягузорони хориҷӣ ин даъватро қабул карданд ва иштирокчиёни мо шуданд. Форум ба ин чорабинӣ эътибори калон медиҳад. Умедворем, ки имрӯз кори муштараки мо, ки дар доираи Форуми сармоягузорӣ ба таври муассир анҷом дода мешавад, бешубҳа, ба ҳар кадоме аз иштирокчиёни он фоида меорад”.

Бояд қайд кард, ки дар доираи форум ярмарка ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандони кишвар ва намоишгоҳи маҳсулоти бонкӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод шудаанд, ташкил карда шуд. Меҳмонони ин чорабинӣ, ки аксарияти онҳо созмонҳои байналмилалӣ буданд, аз шиносоӣ ва хариди маҳсули дастони ҳунармандони тоҷик шод буданд. Иштирокдорони Форум инчунин ба маводҳо, брошюраҳо, роҳнамоҳо ва хатҳои маҳсулоти ташкилотҳои қарзии аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар муаррифишуда хеле манфиатдор буданд.

Форуми “Сармоягузории хориҷӣ дар бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Дастовардҳо ва дурнамо» ба анҷом расид. Ташкилкунандагони форум ба ҳамаи иштирокчиён,пеш аз ҳама ба кулли сарпарастони чорабинӣ, аз ҷумла ҶСК «Бонки Эсхата» ва дигар сарпарастони форум — ҶСК «Ориёнбонк», MDC Финка, ҶСП «Бонки байналмилалии Тоҷикистон», ҶСП «Имон Интернешнл», Бонки тиҷоратии Тоҷикистон ва «ТАҚХ»-и Душанбе изҳори сипос намуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here