Роҳбарияти ширкати «Барқи тоҷик» изҳороти ахири  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Точикистонро, ки гуфт, дар сохторҳои «Барқи тоҷик» 15 ҳолати ришвахориро ошкор кардааст, беасос хонд.

Раиси ширкати мазкур Исмоилзода Мирзо дирӯз, 31-уми июл, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, аз чунин ҳолат хабар надорад ва Агентӣ ҳам аз ин масъала онҳоро огоҳ накардааст.

Ин дар ҳолест, ки муовини раиси ширкати «Барқи Тоҷик» Муҳаммад Ғуломзода гуфт, ҳамасола 10-15 нафар кормандро, ки бо роҳбарони корхонаҳо муросокорӣ доштанд, ошкор ва фавран чораҷӯӣ  кардаанд.

— Дар тӯли 3-4 соли охир беш аз 1000 нафар корманди ғайритахассусӣ, баъд аз гузаронидани атестатсия, аз кор ҷавоб дода шуданд. Мо алҳол нозирони барқро тариқи озмун ба кор қабул мекунем. Ҳолатҳое ҳам вуҷуд доштанд, ки кормандони мо бо баъзе аз корхонаҳо муросокорӣ карда, маблағҳоро ғайримақсаднок истифода мебурданд. Мо худамон корбарӣ карда, дар ҷояш санҷиш гузаронидем ва чунин ҳолатҳоро ошкор кардем. Албатта, бо барқарор кардани маблағҳои азхудкардашуда, ин гуна кормандонро аз вазифа озод кардем, — гуфт  Ғуломзода.

Ҳамчунин, гуфта шуд, дар ин нимсола пардохти маблағи нерӯи барқ аз ҷониби муштариёни дохилӣ 1 миллиарду 276,1 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 270,4 миллион сомонӣ зиёд будааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here