Барои озмуни Ҳизби аграрии Тоҷикистон

Ба охир расидани дунёгир шудани коронавирус ҳоло дур аст. Кишварҳое ҳастанд, ки дар он ҷо ҳанӯз ҳам сатҳи баланди беморӣ вуҷуд дорад ва дар кишварҳое, ки вирус таҳти назорат гирифта шудааст, аз мавҷи дуюм метарсанд.

Як аср пеш, марҳилаи дуюми пандемияи зукоми испанӣ дар муқоиса бо давраи аввал шумораи бештари одамонро ба ҳалокат расонд. Вирусшиносони чанд донишгоҳи Британия боварӣ доранд, ки мавҷи дуюми пандемияи COVID-19 вуҷуд дорад. Ин то чӣ андоза хатарнок аст? Таҳлил ва андешаҳои журналист Ҷеймз Галлахер пешниҳоди хонанда мегардад.

Мавҷи дуюм чист?

Амвоҷро дар дарё тасаввур кардан метавонед? Теъдоди мавҷҳо боло мешаванд ва дубора коҳиш меёбанд: ҳар кадоме аз ҳамин давр шабеҳи як «мавҷ» аз коронавирус аст.

Мутахассиси моделсозии математикии бемориҳои сироятӣ аз Донишгоҳи Уорвик дар Англия Майк Тилдеслӣ мегӯяд, ки таърифи ягонаи илмии мавҷи пандемия вуҷуд надорад. “Мафҳуми “мавҷ” ин ҷо ғайриихтиёр истифода бурда мешавад”, — шарҳ медиҳад ӯ.

Баъзеҳо ҳама фарозу нишебҳои теъдоди амвоҷро дар назар мегиранд, аммо ағлаби ин маворид фақат беназмиҳои хатти аввали мавҷ ҳастанд. Ин вазъият акнун дар бархе аёлатҳои Америка вуҷуд дорад.

Барои эъломи поёни мавҷ, мақомот бояд назорати вирусро дар даст гиранд ва ба кам шудани қобили таваҷҷуҳе дар теъдоди уфунатҳои нав даст ёбанд.

Агар рушди бардавоми ҳолатҳои нав қобили таваҷҷуҳ бошад, метавон аз оғози мавҷи дуюм сӯҳбат кард. Зеландияи Нав, ҷое, ки аввалин олудагиҳо пас аз танаффуси 24-рӯза сабт шуд ва Пекин, ки баъд аз 50 рӯз бидуни вуҷуди коронавирус хурӯҷи наве дар он дида мешавад, дар ин ҳолат нестанд.

Бо ин ҳол, бархе аз муҳаққиқон дар мавриди он чи имрӯзҳо дар Эрон иттифоқ меафтад, аз мавҷи дуюми вирус суҳбат мекунанд.

Оё мавҷи дуюм моро таҳдид мекунад?

Ҷавоб тақрибан 100% ба тасмимоти мо бастагӣ дорад.

Майк Тилдеслӣ мегӯяд: «Ба назари ман чунин мерасад, ки мо ҳоло дар як номуайянии сардаргуме қарор дорем ва рӯйрост бояд гӯям, ки ин мавзуъ маро бисёр озор медиҳад».

Потенсиал барои мавҷи дуюм вуҷуд дорад. Вирус ҳанӯз дар гардиш аст ва тавоноии густариш ва куштани он аз ибтидои сол камтар нест.

Тибқи гузоришҳо, танҳо 5% бритониёҳо бо COVID-19 бемор буданд ва ҳеҷ гуна кафолате нест, ки ҳамаи онҳо масуният мегиранд.

«Воқеиятҳо ҳокӣ аз он аст, ки аксарият мардум ҳанӯз дар маърази хатар ҳастанд», — гуфт олими эпидемиолог Адам Кучарскӣ аз Мактаби гигиена ва тибби тропикии Лондон. — Ба таври куллӣ, агар акнун ҳама иқдомоти маҳдудкунандаро лағв кунем, ба он чӣ дар моҳи феврал иттифоқ афтод, боз хоҳем гашт. Гӯё ҳама чиз дубора оғоз хоҳад шуд».

Чӣ авомиле метавонанд мавҷи дуюмро таҳрик кунанд?

Суст кардани аз ҳад беши чораҳои қарантинӣ.

Низоми худинзиво ва ё гӯшанишнӣ ба аз байн бурдани шуғл, таъсир бар саломатии мардум, таътил кардани раванди омӯзиш ба зиндагии мардум дар саросари ҷаҳон халал ворид кардааст, аммо ин иқдомот ба контрол кардани вирус кумак кард.

Кучарскӣ гуфт: «Душвортарин кор ин аст, ки чӣ гуна метавон вирусро контрол кард ва дар айни ҳол ба зиндагии рӯзмарраи мардум ба ҳадди ақал таъсири харобкунандае нарасонд».

Ҳеҷ кас дақиқан намедонад, ки то чӣ ҳадд метавон қарантинаро маҳдуд кард.

Ба ҳамин далел, дар Англия иқдомоти маҳдудкунанда ба сурати марҳилавӣ бардошта мешаванд ва дар айни ҳол иқдомоти назорати нави вазъ эълон мешаванд — ба унвони мисол пӯшидан моск ва назорат бар тамоси афроди олуда.

Кучарскӣ тавзеҳ медиҳад: «Дар Англия ва кишварҳои ҳамсоя, дар сурати ҳазфи қарантина то ҳадде, ки метавон контроли густариши бештари онро ғайримумкин кард,  метавонад хуруҷи бисёр сареъ рух диҳад».

Чунин ҳолат дар ҳоли ҳозир дар Олмон шурӯъ мешавад. Дар он ҷо, ахиран дар 650 тан аз қассоб коронавирус мушоҳида шудааст.

Агар мақомот ба суръат уфунатро шиносоӣ кунанд, қарантинаро дар сатҳи маҳаллӣ ба роҳ монанд ва монеъ аз густариши бештари вирус шаванд, ин мушкил рушд нахоҳад кард.

Дар сурати набудани вокуниши сареъ, чунин шуюъ метавонад боиси сар задани мавҷи дуюм шавад.

Кореяи Ҷанубӣ, ки ба хотири муборизаи муассир бо шуюъи вирус мавриди ситоиш қарор гирифт, маҷбӯр шуд, баъд аз вуқӯи чунин шуюъҳо, иқдомоти маҳдудкунандаеро дубора анҷом диҳад.

Оё мавҷи дуюм шабеҳи аввалӣ хоҳад буд?

Фақат агар чизе ба иштибоҳ пеш биравад …

Шохиси тавлиду таҷдиди вирус (R) — шумораи миёнаи одамоне, ки ба онҳо як вирус сироят ёфтааст — дар аввали эпидемия се нафар буд.

Ин ба он маънӣ аст, ки вирус ба суръат дар ҳоли густариш аст. Аммо рафтори мо тағйир кардааст, мардум дар мавриди фосилаҳои иҷтимоӣ бохабаранд ва дар ин шароит тасаввури ин, ки R дубора рушд кунад, бисёр душвор аст.

Агар дубора теъдоди уфунатҳо боло равад ҳам, эҳтимолан ин рушд нисбатан кунд хоҳад буд.

Аз тарафи дигар, мавҷи дуюм аз назари теория метавонад бузургтар аз аввал бошад — ба ин далел, ки бисёре аз афрод дар маърази хатари уфунат ҳастанд.

Мавҷи дуюм чӣ мавқеъ рух хоҳад дод? Оё зимистон онро шиддат медиҳад?

Ба гуфти Кучарскӣ хурӯҷи беморӣ пас аз ҳафтаҳо ё моҳе пас аз заиф кардани чораҳои қарантина, мумкин аст, зоҳир шавад, аммо ин далели омадани мавҷи дуюм нест.

Майк Тилдеслӣ дар навбати худ хотирнишон мекунад, ки агар иқдомот ба шиддат заиф шаванд, мавҷи дуюм мумкин аст, дар охирҳои август ё аввалҳои сентябр оғоз шавад.

Зимистон, бо таваҷҷуҳ ба ин ки маъмулан коронавирусҳо дар фасли сармо босуръаттар пахш мешаванд, метавонад душвор бошад. Ҳатто як хурӯҷи кӯчак дар фасли зимистон метавонад мавҷи наверо ба думбол дошта бошад.

Профессор Ҷонотон Болл, мутахассиси вирусшинос дар Донишгоҳи Ноттингем мегӯяд: «Баҳор, мутмаинан, ба мо ёрӣ расонд, аммо мавҷи дуюм тақрибан ногузир аст, махсусан, бо таваҷҷуҳ ба ин, ки моҳҳои сард пеши рӯ ҳастанд».

Ин донишманд меафзояд: «Барои мақомот, вазифаи аслӣ ин аст, ки муассисаҳои табобатиро беш аз ҳад сарборӣ накунанд».

Оё вирус хатарноктар хоҳад шуд?

Тибқи як назария, вирусҳо бо гузашти замон, барои босуръаттар аз як ҳомил ба дигаре интиқол ёфтан, фишори худро суст мекунанд ва шояд кушанда нашаванд.

Ҳатто ба назар мерасад, ки вируси масунияти инсон (ВИЧ) низ бо гузашти замон заиф мешавад.

Профессор Болл мегӯяд: «Аммо ҳеҷ гуна кафолат вуҷуд надорад, ин як назарияи «танбалонаи» бархе аз вирусшиносон аст».

Илова бар ин, раванди заиф шудани вирус метавонад муддати зиёде тӯл кашад.

Бемории ҳамагир феълан беш аз шаш моҳ тӯл мекашад ва то ҳол ягон далели возеҳе дар бораи он нест, ки вирус барои паҳншавии барвақт мутатсия шудааст.

«Ба назари ман алҳол вирус хеле хуб аст. Бисёре аз мардум нишонаҳои сабук доранд, ё тамоман надоранд ва онҳо метавонанд онро паҳн кунанд. Ин маънои онро дорад, ки вирус барои суст кардани қуввати худ ягон асос надорад», — мегӯяд профессор Болл.

Тарҷума ва таҳияи Шуҳрат Давлатшоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here