ВАО аз барканории ду корманди баландпояи давлати Узбекистон хабар доданд, ки ин амр ногаҳонӣ буд. Ду нафар аз мансабдороне, ки ҷавобгӯ ба бахши иттилооти ин кишвар буданд, аз ҷониби президент Шавкат Мирзиёев ғайричашмдошт аз вазифа озод карда шуданд.

Нафари аввал роҳбари хадамоти матбуоти президент Асадҷон Хоҷаев аст, ки дар ин вазифа панҷ моҳ кор кард. Баробар бо ӯ раиси Ширкати миллии телерадиои Узбекистон Бобур Алихонов низ аз вазифааш барканор карда шудааст. Ӯ панҷумин раис дар ин ниҳод аст, ки дар замони ахир ба истеъфо фиристода мешавад.

ВАО далели барканории ин мансабдоронро ба дар сатҳи зарурӣ инъикос накардани фестивали байналхалқии мусиқии «Шарқ тароналари», ки имрӯзҳо дар Самарқанда ҷараён дорад, рабт додаанд.

Барканории инҳо ва далели ба истеъфо рафтанашон ҳанӯз расман эълон нашудааст. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here